Дар пайравӣ ба хислатҳои накукорӣ, хайрхоҳӣ ва инсондӯстии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ донишҷӯёни факултети равияи омӯзгории забони англисии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо роҳбари омӯзгорон: мудири кафедраи информатика Нуриддин Султонҳайдаров, мушовири декани факултети мазкур Шаҳриёр Назаров ва Шаҳло Раҷабалиева ба аёдати толибилмони мактаб – интернати ҷумҳуриявии бачагони нобинои шаҳри Ҳисор сафарбар гардиданд.
Бо дастури бевоситаи ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода профессор Гулназарзода Жило барои муҳассилин хӯроки нисфирӯзӣ омода гардида, дар баробари он барои онҳо шириниҳо низ ҳадя карда шуд.
Дар аснои сафар донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳ бо шароити таҳсил ва раванди нашри китобҳо бо хати брайлӣ ошно гардиданда, чорабинии фарҳангӣ- фароғатӣ барои хонандагон ташкил намуданд.
Бояд гуфт, ки ҳамасола 5 май дар ҷаҳон ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдошта Рӯзи байналмилалии мубориза барои ҳуқуқи маъюбон таҷлил мегардад.