Дар асоси нақша – чорабиниҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мулоқоти намояндаи Агентӣ, подполковники адлия Розиқзода Алихони Абдулҳаким бо кормандону омӯзгорон баргузор гардид.
Муовини ректор оид ба тарбия Лайлӣ Шарифзода, дар ибтидо аз ҳамкориҳои судманди Донишгоҳ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, дар бораи иҷрои бандҳои “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Нақша – чорабиниҳои амалисозии он барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)” дар Донишгоҳ сухан кард.
Розиқзода Алихон подполковники адлия дар бораи иҷрои қонунҳои соҳавӣ, пешгирӣ аз ин амали номатлуб ва натиҷаи паёмадҳои ногувори даст задан ба коррупсияро хеле равҳшану возеҳ шарҳ дод. Дар суханронӣ гуфта шуд, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа маҳсуб меёбад. Вазифаи ҳар як шахс, аз ҷумла, омӯзгорону кормандон аз он иборат аст, ки барои пешгирии он бетарафӣ зоҳир нанамоянд.
Мавриди зикр аст, ки “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Нақша – чорабиниҳои амалисозии он барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)” ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ аҳамияти муҳим дорад. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода вобаста ба пешгирӣ аз ҳолатҳои коррупсионӣ санади ҳуқуқӣ тартиб ёфта, он дастури рӯи мизӣ ва роҳнамои ҳамагон қарор гирифтааст.