Бахшида ба Рӯзи Пойтахти азизамон шаҳри Душанбе санаи 16 апрели соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” бо ҳузури Шоири халқии Тоҷикистон, соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Ҳақназар Ғоиб баргузор гардид.
Дар оғози маҳфил ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода ҳузури меҳмонони олиқадрро ба муассиса хайрамақдам гуфта, Рӯзи пойтахтро ба иштирокдорони маҳфил шод бош намуданд. Ташрифи меҳмони гиромии пойтахт ва хусусан меҳмони Донишгоҳ устод Ҳақназар Ғоибро роҳбари Донишгоҳ боиси сарфарозии устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳ унвон намуданд.
Дар маҳфил шоирон маҳбуб Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло ва Зиё Абдулло, нависандаи шинохта Абдулҳамиди Самад, адабиётшинос Абдунабӣ Сатторзода, ҳунарпешгон Файзалӣ Ҳасан, Моҳрухсор Сафиева, Авзалшо Шодиев ва Ҷанатулло Абдуллоев ширкат доштанд.
Дар маҳфил шоири маҳбуб Ҳақназар Ғоиб шеъру таронаҳои тозаэҷоди худро барои иштирокчиёни маҳфил қироат намуда, аз рӯзгори ибратомӯзи худ барои ҷавонон қиссаҳо карданд.
Бояд гуфт, ки маҳфили Пайравони Пешвои миллати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо иштироки намояндагони илму адаб ва фарҳангу сиёсат ҳамеша дар арафаи ҷашну маросимҳои миллию давлатӣ баргузор карда мешавад. Мақсад аз роҳандозӣ гардидани ин маҳфил ҳарчи бештар омӯхтани кору рӯзгори ибратомӯзи шахсиятҳои барҷастаи кишвар мебошад.