ТАШРИФИ НАМОЯНДАИ ИНСТИТУТИ ЗАБОНҲОИ ФАРОНСА БА ДОНИШГОҲ

Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар масъалаи табодули таҷрибаи донишҷӯён ва омӯзгорон 11 – уми апрели соли равон ба Донишгоҳи байналмиллалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, ноиби президент оид ба муносибатҳои аврупоӣ ва байналмилалии Институти миллии забонҳо ва тамаддунҳои Шарқи Ҷумҳурии Фаронса Жал Форло ташриф оварда, бо ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода мулоқот ба анҷом расонид.
Меҳмононро роҳбарияти Донишгоҳ бо русуми хоси меҳмонавозии тоҷикона истиқбол гирифта, дар музокираҳои дуҷониба, бо меҳмонон атрофи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, табодули афкор намуда, оиди сатҳу сифати таълиму тадриси ҳар ду муассисаҳои олӣ ибрози андеша карданд.
Ректори Донишгоҳ иброз дошт, ки зери сиёсати маорифпарварони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои забономӯзӣ дар кишвар шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуда, дар заминаи он муносибатҳои дипломатӣ низ хуб роҳандозӣ гардидааст. Муносибати ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса пас аз соҳибистиқлолӣ роҳандозӣ шуда, он имрӯз ба зинаҳои баландӣ ҳамкориву дӯстӣ пайвастааст. Мақсаду ҳадафҳои раёсати Донишгоҳ барои пурзур намудани маркази омӯзиши забони фаронсавӣ муайян буда, дар факултети забонҳои Аврупои Донишгоҳ ихтисосҳои забони фаронсавӣ ба роҳ монда шудааст. Ин имкон медиҳад, ки барои ҳамкориҳо вобаста ба тақвият ёфтани муносибатҳо замина гузорад.
Жал Форло зимни суҳбат иброз дошт, ки Институти миллии забонҳо ва тамаддунҳои Шарқи Ҷумҳурии Фаронса яке аз муассисаҳои олии бузурги Фаронса ба ҳисоб рафта, он ягона Донишгоҳ дар олам аст, ки 105 забони мардуми оламро барои ихлосмандон таълим медиҳад. Аз баски ҳадафи Донишгоҳҳои мо якест ҳамкориҳои мо дар ин самт пурсамару муфид хоҳад буд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *