10-уми апрели соли ҷорӣ мулоқоти намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансур Ниёзӣ бо кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода доир гардид.
Дар оғози мулоқот муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳ Лайлӣ Шарифзода дар бораи бедории миллӣ, дарки маънавиёт ва омӯзишу тарғиби сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.
Дар идома намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансур Ниёзӣ вобаста ба ҷалби ҷавонону наврасон ба омӯхтани мероси фарҳангию таърихӣ, осори адибону олимони кишвар ва ташаббусу ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуд. Мансур Ниёзӣ таъкид дошт, ки барои беҳтар ба роҳ мондани кору рӯзгор ва сохтани ояндаи дурахшон танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллиро ҳатман бояд риоя кунед, то рӯзгоратон бобаракат ва бонизом бошад. Инчунин дар мулоқот гуфта шуд, ки равияву гурӯҳҳои ифротӣ, терроризм ва экстремизм ҳеҷ гоҳ ба мардум хубӣ ва рӯзи некро наовардааст ва намеорад. Аз ин рӯ аз ҳар вақта бештар бояд “Зираку ҳушёр бошед”. Шумо ҷавонони хушиқболи Ватан бояд пайравони асили Пешвои миллат бошед ва дар сиёсати оқилона ва дурандешонаи он кас ҳиссагузорӣ намоед.
Дар интиҳо сардори раёсати тарбия Суҳроб Бобокалонов ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишварро хушбахттарин наслҳо унвон намуда, таъкид дошт, ки ҷавононро зарур аст, ки аз шароитҳои фароҳамомада истифода намуда ояндаи дурахшони худро созед.