НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА АҲАММИЯТИ ОН ДАР ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВӢ

Наврӯз, ҳамчун падидаи фарҳангӣ ва фалсафӣ, на танҳо таҷассуми анъанаҳои куҳани мардумони Шарқ, балки муҷассамаи ваҳдати фарҳангӣ ва муколамаи тамаддунҳост. Бо расмияти байналмилалӣ пазируфтани Наврӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, ин ҷашн дигар на танҳо ҷашни миллӣ, балки омили ҳамбастагии минтақа ва ҷаҳон шудааст.
Иштироки фаъолонаи сарони кишварҳои ҳамсоя, бахусус дар шаҳри бостонии Хуҷанд, ки 31-уми марти соли 2025 баргузор гашт, шаҳодати равшани нақши Наврӯз дар раванди ҳамгироии минтақавӣ ва рушди ҳамкориҳои гуногунсамта мебошад.
Аз диди фалсафӣ, Наврӯз таҷассумгари оғози нав ва эҳёи ҳаёт пас аз як давраи хобиши табиат аст. Наврӯз рамзи даврияти вақт ва такрори абадии он мебошад, ки дар фалсафаи Шарқ ҳамчун «давраи ҳаёти кайҳонӣ» маънидод мегардад. Ин ҷашн ба мафҳуми афкори ирфонӣ, «Нур» бар «Зулмат» ғалаба мекунад, яъне эҳёи маънавӣ пас аз марги зимистонӣ.
Тибқи таълимоти фалсафаи зардуштӣ, ки решаҳои он то даврони қадим мерасад, Наврӯз дар замони пирӯзии нур, адолат ва ҳаёту офариниш бар зулмат, ҷаҳлу фано мебошад. Аз ин рӯ, Наврӯз танҳо ҷашни астрономӣ нест, балки таҷассуми инсон барои пайвастан ба шинохти олам нафси худ аст.
Дар асл, Наврӯз, ки инсон бо табиат ва кайҳон дар як ҳолати ҳамоҳангӣ қарор мегирад. Ин ҳамоҳангӣ ки дар фалсафаи Шарқ бо чаҳор унсури табиӣ (об, оташ, замин, ҳаво) иртибот дорад на танҳо маънои астрономӣ, балки маънии ирфонӣ ва ахлоқӣ низ дорад. Бо зуҳури Наврӯз, инсон на танҳо муҳити зист, балки ботини худро низ пок месозад, ки ин раванд ба худсозӣ ва такомули шахсияти инсоният иртибот мегирад.
Дар фазои сиёсӣ ва иҷтимоии муосир, Наврӯз на танҳо ҷашни анъанавӣ, балки абзори нерӯмандест барои таҳкими ҳамгироии минтақавӣ ва суботи фарҳангӣ. Таҷлили муштараки Наврӯз аз ҷониби кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон, на танҳо рамзи дӯстии байни мардумон, балки шакли амалии муносибатҳои дипломатии фарҳангӣ мебошад. Ҷашни Наврӯз имкон медиҳад, ки давлатҳо дар заминаи муштараки фарҳангӣ ва таърихӣ, ҳамкориҳои стратегии худро тақвият бахшанд.
Аз нигоҳи фалсафаи иҷтимоӣ, ҳар гуна падидаи фарҳангӣ вақте қобилияти муттаҳидсозӣ пайдо мекунад, ки ба манфиатҳои маънавӣ ва арзишҳои муштараки ҷомеаҳо ҷавобгӯ бошад. Наврӯз дар ҳамин замина на танҳо арзиши миллист, балки муколама, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми гуногунандешии фарҳангист.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи фарҳангии Наврӯз ва ҷаҳонишавии арзишҳои он нақши асосӣ гузоштаанд. Бо ташаббусҳои пайвастаи ӯ, Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ аз ҷониби СММ ба расмият даромад, ва тавассути чорабиниҳои фарҳангиву илмӣ ба як абзори ҳамгироӣ ва худшиносии миллӣ табдил ёфт.
Ҷашни Наврӯз дар асри XXI маҳз ба шарофати талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мартабаи як ҷашни байналмилалии фарҳангӣ ва маънавӣ табдил ёфт. Дар ҳоле ки солҳои тулонии асри гузашта Наврӯз дар натиҷаи сиёсатҳои ягонасозии фарҳангӣ ва маҳдудиятҳои идеологӣ камранг шуда буд, маҳз дар даврони истиқлол бо раҳбарии Пешвои миллат ин суннати аҷдодӣ на танҳо эҳё гардид, балки ба ҷузъи бунёдии сиёсати фарҳангии миллӣ ва муносибати байналмилалии Тоҷикистон мубаддал шуд.
Аз нигоҳи таърихшиносӣ ва фарҳангшиносӣ, Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро аз ҳоли як ҷашни суннатии маҳаллӣ ба як падидаи фаромиллӣ ва тамаддунсоз табдил дод. Ӯ бо тақвияти пояҳои қонунгузорӣ ва сиёсати давлатӣ ҷашни Наврӯзро ба сифати унсури ҳуввиятсоз ва худшиносии миллӣ дар матни афкори ҷомеа ҷой дод. Таъсиси маҷмӯи чорабиниҳои давлатӣ, баргузории конфронсҳои илмӣ, таҳияи асарҳои илмӣ-таҳлилӣ, ва пуштибонӣ аз барномаҳои фарҳангии Наврӯз, далели ин сиёсатҳои стратегӣ мебошанд.
Дар сатҳи байналмилалӣ, пешниҳоди расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат ба Созмони Милали Муттаҳид барои ба расмият шинохтани Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ (дар соли 2010) як иқдоми таърихӣ буд. Ин иқдом, ки бо дастгирии чандин кишварҳои дигар ба вуқӯъ пайваст, шаҳодати нуфузи афзояндаи фарҳангии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалист.
Аз диди фалсафӣ, нақши Пешвои миллатро метавон ҳамчун «қувваи мураттабсози таърихӣ» тавсиф кард, ки дар пайи эҳёи суннатҳо, арзишҳо ва худшиносии миллӣ мебошад. Ба таъбири Мартин Ҳайдеггер, роҳбаре ки таърихро баргардонда ва маънои аслии онро ошкор месозад, фаротар аз сиёсати воқеъӣ, нақши ҳастишинохтӣ (онтологӣ) мебозад. Яъне, ба инсон имкон медиҳад, ки мавҷудияти хешро аз нав маъно диҳад. Дар ин замина, эҳёи Наврӯз на танҳо бозгашт ба суннат аст, балки марҳилаи худшиносии маънавии ҷомеа мебошад.
Нақши Пешвои миллат дар ин раванд на танҳо ба эҳёи ҷашн маҳдуд нашуда, балки ба табдил додани Наврӯз ба василаи ҳифзи фарҳанги миллӣ ва муаррифии он дар арсаи ҷаҳонӣ равона гардидааст. Бо ташаббуси Пешвои миллат, Наврӯз бо як рӯҳияи тоза ва дорои унсурҳои инноватсионӣ таҷлил мешавад. Аз қабили баргузории ҳафтаҳои Наврӯз, ҳафтаҳои илм ва ҳунар, намоишгоҳҳои фарҳангӣ ва ҳамоишҳои байналмилалӣ, ки ҳамзамон заминаи ҳамгироии давлатҳои минтақа ва таблиғи сулҳу суботро низ фароҳам меоранд.
Аз дидгоҳи фалсафаи сиёсии муосир, ин гуна истифодаи ҳушмандонаи мероси фарҳангӣ ҳамчун «пойгоҳи нарми қудрат» як намунаи муваффақи идоракунии ҳуввияти миллӣ мебошад. Пешвои миллат бо эҳёи Наврӯз нишон дод, ки фарҳанг метавонад ҳам як воситаи ҳифзи субот ва ҳам як пули иртибот миёни халқҳо гардад.
Дар замина, ҷашни Наврӯз, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, намунаи олии ваҳдат ва дӯстии се халқи бародар: Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон буд. Ҳузури сарони ин се кишвар дар як майдони наврӯзӣ, бо шукӯҳ ва муҳтавои фарҳангӣ, гувоҳи ҳамбастагии воқеӣ ва ҳамфикрии кишварҳо дар роҳи сулҳу амният мебошад. Баҳамоӣ ва дар як фазои дӯстӣ зиндагӣ кардан яке аз суннатҳо ва оинҳои тиллоии Наврӯз ба шумор меравад ва сарвари давлатамон тавонистанд бо хислатҳои наҷибонаи хеш бо давлатҳои ҳамҷавор дасти дӯстӣ дароз карда, кулли мардуми ин кишварҳоро ҳамаҷониба ба ҳам наздик намоянд.
Аз ин рӯ, дар ин рӯз, дар симои сарони кишварҳо – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Шавкат Мирзиёев ва Содир Жапаров — мардумон дарси дӯстӣ ва ваҳдати асилро дарёфтанд. Ҷашни Наврӯз онҳоро ба ҳам овард ва хотираи гармеро дар дили миллионҳо нафар боқӣ гузошт. Мардуми ин се кишвар бори дигар шоҳиди он шуданд, ки Наврӯз на танҳо як ҷашни миллӣ, балки ҷашни ваҳдату шодиву якдигарфаҳмӣ мебошад. Ҷашни Наврӯз, ки дар Хуҷанд баргузор гардид, воқеан намоишгари азамати фарҳанги қадима ва арҷгузорӣ ба сулҳу дӯстӣ буд.
Ҳамин тавр, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо эҳёи Наврӯз, онро ба асоси ахлоқӣ, фалсафӣ ва фарҳангии рушди иҷтимоии ҷомеа, ва ба як ҳамгироии минтақавӣ сиёсиву фарҳангӣ табдил додаст. Дар ин раванд, ӯ на танҳо ба суннати гузашта рӯй овард, балки онро бо ниёзҳои маънавии замони муосир ҳамоҳанг сохта, ба тарбияи насли наврас бо шинохти ҳуввияти миллӣ ва масъулияти фарҳангӣ замина гузошт.
Бибиҷон Юсупова, дотсент, садори рёсати кадрҳо ва корҳои мухсус,
Далер Комилов, дотсент, мудири кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *