НАВРӮЗ -ТАРАННУМГАРИ ДӮСТӢ

Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, то бод чунин бодо!
Ҷашни ҳамагонӣ шуд, то бод чунин бодо!
Ин суннати неки Ҷам,бар халқи ҳама олам,
Навбоваи сонӣ шуд, то бод чунин бодо!

Дар таърихи 31.03.25 дар Хуҷанди бостонӣ бо ташаббусу сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз бо ширкати сарони кишварҳои ҳамҷавори мо- Қирғизистон ва Ӯзбекистон бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Имрӯз мо шоҳиди он гардидем, ки ҷашни миллии Наврӯз бо нидои дӯстии халқҳои тоҷик, ӯзбек ва қирғиз дар фарвардинмоҳ бо иқдому ташаббусҳои беназири Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо иштироки роҳбарони се кишваре, ки аз гузаштаҳои дур бо ҳам дар дӯстии ногусастанӣ доштанд, дар сатҳи олӣ баргузор гардид.
Ин бори дигар собит намуд, ки дар ҳақиқат Наврӯз иди байналхалқӣ, дӯстиву рафоқат буда, пайвандгари халқу миллатҳои Осиёи Миёна мебошад.
Ин се кишвари ҳамсоя, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, дар ҳошияи Наврӯзи Аҷам як қатор масъалаҳои сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангиро дар фазои дӯстона, ки дар оянда баҳри рушди ин кишварҳо дорои аҳамияти бузурги стратегӣ мебошад, ба имзо расониданд. Ҳамаи ин ташаббусҳо ва эҷоди пули дӯстӣ шаҳодати возеҳ аз сиёсати хирадмандонаю сулҳофаринонаи Пешвои миллат мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, дар кадом суханроние, ки набошад Роҳбари давлат ҳамеша таваҷҷуҳ ба эҷоди сулҳу осоиштагии байнҳамдимгарӣ менамояд ва дар суханронии имсола, ки дар ҷашни Наврӯз ироа гардид низ таъкид доштанд: “ Наврӯз на танҳо ҷашни табиат аст, балки воситаи ҳамдиливу ҳамраъйии халқҳост”.
Чуноне ки дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат қайд намуда буданд, сиёсати хориҷии давлати мо сиёсати “дарҳои кушода” буда, муносибати ҳасанаро бо тамоми кишварҳои ҳамҷавор муттасил идома медиҳанд. Кишвари мо ба сифати авлавияти сиёсати хориҷии худ минбаъд низ ба густариши муносибатҳои неки дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо давлатҳои Осиёи Миёна дар заминаи эҳтирому эътимоди мутақобилаи судмандро роҳандозӣ хоҳад намуд. Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷанба бо кишварҳои узви ИДМ хусусан, давлатҳои ҳамсоя нақши асосӣ дорад.
Дар ин замина муносибатҳои дӯстиву бародарӣ, равобити фарҳангӣ, сулҳу субот ва оромии минтақа дар замони муосир ниҳоят зарур мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар таҳкими равобити байни миллатҳо ва ҳамсоякишварҳо эҳтироми хосса дошта, таҳкими пойдевори ваҳдату ягонагӣ, дӯстиву рафоқатро байни онҳо собитқадамона рушд медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки бо ташаббус ва иродаи қавии Пешвои миллат, мавқеи дӯстонаи сарони кишварҳои Осиёи Миёна ва ҳамчунин ҳамдигарфаҳмиву дастгирии ҳамдигар миёни мардумони ин се кишвари дӯсту бародар имкон фароҳам меоварад, ки дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварҳо заминаҳои мусбатро ба бор оварад.
Тоҷикистон таҳти роҳбарии оқилона ва дурандешонаи Пешвои муаззам, Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи соҳибистиқлолӣ ҳамкории густурдаи минтақаро воситаи муҳимми ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, муҳити зист ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Миёна иборат дониста, пайваста ҷонибдори ҳамзистии осоишта ва робитаҳои неки кишварҳои ҳамҷавори мо- Қирғизистон ва Ӯзбекистонро муҳим меҳисобад.
Боиси саодатмандии миллати тоҷик аст, ки чунин роҳбари дурандешу ғамхор дорем, ки дар мулоқоту изҳороташон мунтазам аз хушбахтиву саодат, оромиву осудагӣ, пешрафту нумуи сокинони Тоҷикистони биҳиштосо садо медиҳад. Шоёни зикр аст, ки Наврӯзи имсола таҳкимбахши саодати оянда, рамзи дӯстии поянда байни се кишвари бо ҳам дӯст таҳти унвони “Баҳори дӯстӣ” таҷлил гардид. Шаҳзод Иттилоот: Бо сиёсати сулҳомезона гузаронидани чорабинии Наврӯзи имсола бо башорат аз сиёсати дурандешона ва воқеъбинонаи Пешвои миллат дарак медиҳад ва ин боиси равнақи иқтисоду пешравӣ, зиндагии шоистаи се давлат мебошад¸ зеро осоиштагию субот заминаи беҳтарин барои пешравии ҳар ҷомеа мебошад. Мардуми олитабор, аз ҳамеша дар ёфтани роҳи дурусту созанда ҳастанд ва бо василаи чунин ҷашнҳо робитаи ҳасана эҷод мекарданд. Имрӯз ин анъанаи некро Пешвои муаззами миллат эҳё намуданд.
Навшавӣ, навгароӣ, навандешӣ, ки аз вижагиҳои хоси ҷашни Наврӯз аст имсол иди Наврӯз дар ҳамдилию навандешӣ ва навгонии се миллат бо садоқату самимияти хосса такмил гардид ва ин заминаи нек барои оянда хоҳад буд. Суханони Президенти Қирғизистон Садир Жапаров делели ин гуфтаҳо мебошанд, ки қайд карданд: “…….. ки кишварҳо аллакай лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ ва иқтисодиро муваффақона амалӣ менамоянд, ки барои таъмини рушди устувор ва шукуфоии тамоми минтақа пешбинӣ шудаанд”.
Се кишвар – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон марзҳои худро бо баракати ҷашни Наврӯз дар тантанаи муштараки фарҳангӣ бо созу суруд кушоданд, ки ин яке аз намоди беҳтарини ҷашни Наврӯз мебошад. Пешвои миллат ин пайвастшавии сарҳадро “ санади таърихӣ” ва дар идома қайд доштанд : “аз имрӯз эътиборан марзҳои се кишвар ба марзҳои дӯстии абадӣ, ҳамсоягии воқеан нек ва шарикии созанда табдил хоҳанд ёфт”.
Лозим ба зикр аст, ки ҷашни Наврӯз омиле шуд, ки ин лаҳзаҳои дер интизорро ба бор овард. Метавон хулоса намуд, ки дар шароити мураккаб ва пуртазоди ҷаҳони имрӯза аз пештара дида бояд кишварҳои ҳамҷавор ҳамкориҳои гуногунро миёни ҳамдигар тақвият диҳанд. Ин пайванд моро метавонад ба рушди босуботи миллӣ, таҳкими ваҳдату ягонагӣ, ояндаи дурахшон раҳнамоӣ намояд ва мақсади ниҳоии ҳамоиши Наврӯзӣ дар шаҳри Хуҷанд низ ҳамин арзишҳои волоро инъикос мекард.
 
Саидмуродова Сурайё, муаллими калони кафедраи филологияи Шарқи Наздик

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *