Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир…

Тоҷикон ва қирғизҳо ду халқи бародар ва ҳамсояи қадимӣ мебошанд, ки солҳои зиёд бо ҳам муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ доштанд. Ин дӯстӣ решаҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дорад, ки аз замонҳои қадим то имрӯз идома меёбад. Миллати тоҷик ва қирғиз дар минтақаи Осиёи Марказӣ асрҳо ҳамҷавор зиндагӣ карда, дар шароити сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ рушд кардаанд. Дар тӯли таърих онҳо бо ҳам тиҷорат мекарданд, фарҳанг ва анъанаҳои худро мубодила менамуданд ва дар лаҳзаҳои сахтӣ ба якдигар кумак мерасониданд. Қирғизҳо, ки асосан чорводор буданд ва тоҷикон, ки бо зироатпарварӣ машғул мешуданд, ҳамдигарро бо маҳсулоти худ таъмин менамуданд. Фарҳангҳои тоҷикон ва қирғизҳо бо ҳам алоқаманданд. Ҳарду миллат шеъру адабиёт, мусиқӣ ва санъати бой доранд. Осори адибони бузурги тоҷик, аз ҷумла Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ ва Ҷалолуддини Балхӣ дар муҳити қирғиз низ шинохта ва гиромӣ аст. Чунончӣ, достони қирғизии “Манас” ва достонҳои қаҳрамонии тоҷикон намунаи ҳамгироии фарҳангии ин ду халқ мебошанд.
Имрӯз Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамчун давлатҳои мустақил муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангиро густариш медиҳанд. Ҳарду кишвар узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Созмони Ҳамкории Шанхай мебошанд. Қобили зикр аст, ки имрӯз бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон мӯҳтарам Содир Жапаров сарҳади давлатии ҳарду кишвар боз гардиданд, ки дӯстии деринаи ин халқҳои кӯҳанбунёдро боз ҳам қавитар мегардонад. Дӯстии халқҳои тоҷику қирғиз як арзиши бебаҳоест, ки бояд ҳифз ва таҳким ёбад. Ҳамкориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии ин ду миллат собит мекунад, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ қувваи бузургест барои пешрафт ва шукуфоии минтақа. Бо эҳтиром ба гузашта ва талош барои ояндаи нек, тоҷикон ва қирғизҳо метавонанд муносибатҳои худро боз ҳам тақвият бахшанд.
Беҳтарину комилтарин неъмати зиндагӣ оромию осудагист ва бузургтарин ҳадяи инсонҳо ба ҳамдигар сулҳ аст. Ҳанӯз давраҳое, ки дар синфи ибтидоии мактаби миёна таҳсил доштам, шеъри хеле равону дилнишинеро дар васфи сулҳ азёд намуда будам, ки то кунун ҳар кадом мисраъҳои пурмаънии он дар лавҳи хотирам нақш бастааст. Ин шеър бо чунин мисраъҳо оғоз мешавад:
Сулҳ баҳорест, баҳор оварад,
Равнақу шодиву барор оварад…
Бале, воқеан сулҳу субот сарчашмаи ҳамаи ободиву пешрафт, сабабгори расидан ба зиндагии шоиста ва боиси фаровонию хушҳоливу хотири ҷамъми инсонҳост. Тӯли се даҳсолаи даврони нав чандин бор мунодии сулҳу оштии миллию байнидавлатиро мисли ҳар кадом шаҳрванди кишвари азиз шоҳид будам ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳама равандҳои сулҳофарӣ асосгузори воқеии сулҳу ваҳдати миллӣ дарёфтем. Аз ҷумла, бо имзои созишномаи байнимарзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар шаҳри Бишкек, дар доираи ҳамраъйӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба амал пайваст, дигарбора тамоми ҷаҳониён шоҳид шуданд, ки сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ то чи андоза барои инсонҳои некхоҳ фараҳовар аст. Ҳам ҷолиб асту ҳам рамзӣ, ки имзои ин Созишномаи байнидавлатӣ дар арафаи Соли нави аҷдодиву вуруди баҳори некпай, замони эҳёи табиат ва дар рӯзҳои бахшоишу кушоиши мусалмонон-дар моҳи шарифи Рамазон рост омад. Ба қавли мардумон ин падидаи оливу банур бемуҳобо фоли нек аст. Мардуми ҳарду кишвар, ки яқин ин рӯзи саъду саидро дер боз интизорӣ доштанд, ҳамдигарро ба оғӯши гарм гирифта ашки шодӣ рехтанд, ҳамдигарро аз рӯи таомули ҳазорсола бахшид. Гузаштаи пуртазоду ба ҳам теғкашиданҳо дар як лаҳза ба кунҷи фаромӯшӣ рафт ва ҳамин аст ҳосили дилҳои обод. Ҳамду сано бод ба мардуми баори тоҷик, ба фарзонафарзанди миллати сарбаланд-Пешвои муаззами миллат, шахсияти нотакрори таърихи ҳазорсола, узви пурифтихори ҳар хонадони баори фосизабони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ҳамин аст ҳосили таҳаммулу мардонагӣ, ҳамин аст рисолати олии инсонӣ, ҳамин аст дипломатияи роҳбарӣ, ҳамин аст ношонаи дили поки Роҳбари озодаву оқил. Бо номи баланди ин фарди азизи миллат ифтихор дорем.
Миллати тоҷик аз азал бо сиёсати сулҳпарварона, сулҳофарӣ ва рафоқату ҳамдилӣ дар байни миллатҳои ҷаҳон шинохта шудааст. Чун ба таърихи давлатдории Тоҷикон назар андозем мебинем, ки шахсиятҳои бузург ба монанди Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ ва дигарон, ки ҳамеша сулҳу дӯстӣ ва рафоқатро мехостанд ва барои поянда будани он талош меварзиданд, аз худ номи нек ба наслҳо боқӣ гузоштаанд. Ҷои зикри хос аст, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон чун анъанаи гузаштагони некномамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими дӯстию рафоқати миллати худ ва тамоми дунё нақши бориз гузоштаанд. Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари бонуфӯзи ҷаҳонӣ пешниҳод гардидани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” гувоҳи возеҳи сулҳофарии миллати Тоҷик мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари соҳибистиқлол гардиданд, муносибатҳо ва раводити ҳасанаи хешро бо эълон доштани сиёсати иқтисодии “Дарҳои кушод”, ба роҳ монда ҷонибдори таҳкими робитаи мутақобилан судманд бо ҳамсояҳои худ ва ҷаҳон мебошад.
Санаи 13-уми марти соли ҷорӣ дар остонаи Наврӯзи байналмилалӣ, ки бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаҳонӣ гаштааст, дар таърихи муносибатҳои дӯстии ду давлати ҳамсоя яъне, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон саифаи нави умедбахш боз гардид. Зимни сафари кории Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон дар баробари бастани шартномаҳои ҳамкории иқтисодиву иҷтимоӣ, рафту омадӣ шаҳрвандон ва гардиши молу маҳсулоти миёни ду миллати дӯсту бародар, фароҳам омад. Иброз доштан ба маврид аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз умқи таърих бо ҳамдигар робитаи хешу таборӣ доштан ва фазои ҳамдиливу муттаҳидиро мехостанд. Хушбахтона бо хиради азалии сарони ду давлати ба ҳам дӯст марзҳо кушода шудаанд, ки дар таҳкими амнияту субот ва рушди ҳамаҷонибаи миллатҳои ба ҳам дӯсту бародари тоҷику қирғиз заминагузор мебошад. Мо боварии комил дорем, ки ин дӯстӣ тамоми мамолики ҷаҳонро фаро мегирад. Шоири зиндаёд Мирзо Турсунзода фармудаанд:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
 Зиндаву ҷовид бод дӯстии халқҳои Тоҷикистону Қирғизистон!
 Ҳафизов Т.С.- н.и.ф., дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *