НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ – РАМЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМГАРОИИ ХАЛҚҲОИ МИНТАҚА

Чорабинии Наврӯзи байналмилалӣ, ки 31-юми марти соли 2025 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, на танҳо як ҷашни суннатии баҳорӣ, балки рӯйдоди муҳими фарҳангӣ ва сиёсӣ маҳсуб меёбад. Ин ҷашн бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Содир Жапаров баргузор шуд ва фазои идонаи Наврӯзро ба сатҳи нави ҳамкории сиёсиву фарҳангӣ табдил дод.
Наврӯз, ки дар тӯли таърих ҳамчун ҷашни покиву навсозӣ, бедории табиат ва эҳёи арзишҳои инсондӯстиву ҳамзистӣ шинохта шудааст, дар даврони Истиқлоли давлатӣ аз шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ касб карда, ба яке аз унсурҳои муҳими дипломатияи фарҳангии Тоҷикистон табдил ёфт. Ҷашни имсолаи Наврӯз далели равшани он аст, ки ин арзиши бостонӣ қудрати муттаҳидсозӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстона миёни халқҳо ва давлатҳоро дорост.
Чорабинии Наврӯзӣ дар Хуҷанд бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид. Барномаи фарҳангии ҷашн бо иштироки ҳунармандони варзида, намоиши либосҳои миллӣ, барпо гардидани намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ ва озмуни таомҳои миллии кишварҳои ширкаткунанда, фазои ҷашнро ранги тоза бахшид. Аммо муҳимтар аз ҳама, муҳтавои аслии ин чорабинӣ дар изҳори ваҳдат, дӯстӣ ва шарикии стратегӣ миёни се кишвари минтақа инъикос ёфт.
Дар суханронии худ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Наврӯз на танҳо як ҷашни фарҳангӣ, балки омили муҳими муттаҳидсоз ва василаи таъсирбахши дипломатияи фарҳангӣ мебошад. Пешвои миллат изҳор доштанд, ки имрӯз мо тавассути чунин ҷашнҳо метавонем дӯстиву ҳамкориро таҳким бахшем ва барои рушди босуботи минтақа заминаҳои устувор муҳайё созем.
Наврӯз, ки имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ шинохта шудааст, ба шарофати талошҳои пайгиронаи Тоҷикистон, махсусан дар доираи ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва ЮНЕСКО, мавқеи шоистаро дар рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангии инсоният соҳиб гардидааст. Ҳамкории фарҳангӣ дар доираи ҷашни Наврӯз шароит фароҳам овард, ки кишварҳои минтақа аз таҷрибаи якдигар бархӯрдор шуда, барои густариши муколамаи фарҳангҳо ва эҳёи суннатҳои беҳтарини миллӣ саҳми арзанда гузоранд.
Дар баробари ҷанбаҳои фарҳангӣ, чунин чорабиниҳо ба рушди “неруи нарм” мусоидат менамоянд. Тавассути ташкили намоишҳо, вохӯриҳои сатҳи баланд ва муаррифии арзишҳои миллӣ, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ симои давлате бо тамаддуни қадим ва сиёсати фарҳангпарварро муаррифӣ мекунад.
Хулоса, таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки сарони кишварҳои ба мо дӯсту бародар – Қирғизистон ва Ӯзбекистон – рӯйдоди таърихӣ ва намунаи олии дипломатияи фарҳангӣ буд. Ин ҷашн нишон дод, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо, фарҳанг метавонад ҳамчун василаи муҳими таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди ҳамкории минтақавӣ хизмат кунад. Наврӯз дар ҳақиқат василаи пуриқтидори тақвияти робитаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ миёни кишварҳо маҳсуб ёфта, нақши он дар таҳкими ваҳдат ва ҳамгироии халқҳои минтақа бениҳоят бузург аст.
Лутфия Қарабоева, муаллими калони кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *