Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳоест, ки дастовардҳои ҷумҳуриро дар самтҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсат, маориф, илм, фарҳанг ва ғайра таҳлилу арзёбӣ карда, нақшаҳои соли ояндаро таҳия ва дар асоси онҳо дурнамои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян месозанд.
Дар Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 28 декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Бояд қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф соҳаи афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон гардидааст. Ҳадафи асосии сиёсати давлатии маориф баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва дар ин замина омода намудани мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгу ба шумор меравад.
Яке аз самтҳои муҳимми рушди соҳаи маориф бунёди иншоотҳои замонавӣ аст, чӣ тавре Пешвои миллат дар Паёми қайд намуданд, дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шуданд.
Суръати баланди афзоиши аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати мунтазам сохтану ба истифода додани иншооти гуногуни соҳаи маорифро тақозо менамояд. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.
Самаранокии рушди соҳаи маориф аз сатҳу сифати корҳо дар муассисаҳои томактабӣ сахт вобаста мебошад. Аз ин ҷост, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ қайд карданд, ки роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ рушди соҳаи маорифи ҷумҳуриро дар давоми солҳои соҳибистиқлоӣ таҳлил ва арзёбӣ карда, қайд намуданд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд. Агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд.
Бо раҳнамоӣ ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат ҳар сол садҳо ҷавонони мамлакат барои таҳсил ба муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ равона карда мешаванд. Ин раванд сол то сол тамоюли зиёдшавӣ дошта, чӣ тавре Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ қайд намуданд, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд. Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.
Пешвои муаззами миллат дар Паёми мавриди назар ба масъалаи забондонии ҷавонон диққати бештар дода, таъкид карданд, ки дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, забони русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад.
Умуман, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати раҳнамоест, ки татбиқи нуктаҳои асосии он дар самти маориф ноил шудан ба ҳадафҳои соҳаро таъмин менамояд.