ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз, 26 – марти соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил карда шуд. Дар чорабинии шукуҳманди идона ректори Донишгоҳ, профессор Жило Гулназарзода, сафири фавқуллода ва мухтори Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон, намояндагони сафоратҳои ИМА, Федератсияи Русия, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Ҷопон, Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Федератативии Олмон, Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон ва ҳамчунин директори Донишкадаи Конфутсияи назди Донишгоҳи миллӣ ва “Россотрудничество” ширкат намуданд.

Ректор, Жило Гулназарзода ҳузури меҳмононро ба Донишгоҳ шодбош гуфта, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуд. Зимни табрикот, зикр шуд, ки ҷашни Наврӯз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳонӣ гардида, дар тамоми сайёра бо шукуҳи хосса ва анъанаҳои тоҷикона таҷлил карда мешавад.

Меҳмонон аз гӯшаҳои омоданамудаи омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ аз ҷумла, намоиши расму суннатҳои наврӯзӣ, либосҳои миллии мардумӣ, тарзи баргузории тӯйи тоҷикона дар минтақаҳои Тоҷикистон, оростани дастархони ҳафтсину ҳафтшин ва ҳафтмим, хӯрокҳои миллӣ, бозиҳои миллӣ, дастовардҳои илмӣ дидан намуданд.

Дар қисми фарҳангии чорабинӣ дастаи ҳунарии “Субҳи ҷавонии мо” беҳтарин суруду рақсҳои миллию хориҷиро баҳри меҳмонон манзур намуданд.

Дар чорабинӣ ҳамчунин ҳунармандони маҳбуби кишвар Шуҳрат Сайнаков ва Суруш Холов ширкат карда, бо сурудҳои дилнишинашон хотири ҳамагонро шоду масрур намуданд.