ФАЪОЛИЯТИ КУРАТОРОН ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД

Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҷаласаи Шурои кураторон таҳти роҳбарии раиси он, муовини ректор оид ба тарбия Лайлӣ Шарифзода баргузор гардид.

Дар ҷаласа сардори раёсати тарбия, раисони Шурои кураторони факултетҳо, роҳбари бахши кор бо занон ва духтарони Донишгоҳ ва дигар кормандони раёсати тарбияву шуъбаи кор бо ҷавонон ширкат варзиданд.

Дар идома, сардори раёсати тарбия Маҳмадсаид Ғафуров оид ба риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, санҷиши вазъи таъмини стипендияи донишҷӯён, раванди таҳсили донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилдошта, баргузории дарсҳои тарбиявӣ, одобу ахлоқи донишҷӯён ва баргузории семинару мизҳои мудаввар ва дарсҳои кушоди тарбиявӣ бахшида ба иду ҷашнҳои миллӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии самти тарбия баромад намуд.

Инчунин, дар масъалаҳои ҷорӣ дафтари қайди корҳои тарбиявӣ, фаъолияти кураторони гурӯҳҳои академӣ ва баргузории соатҳои тарбиявӣ аз тарафи онҳо мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

Дар охири ҷаласа раиси Шурои кураторони Донишгоҳ Лайлӣ Шарифзода изҳор дошт, ки бояд кураторон бомасъулият бошанду бо донишҷӯёни худ зиёд кор карда, дарсҳои кушоди тарбивӣ дар мавзуҳои гуногун ва мубрами ҷомеа доир кунанд.