Тибқи нақшачорабиниҳои Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон чорабинии тантанавӣ дар Донишгоҳ доир гардид.
Дар чорабинии мазкур ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Бобохонзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки дар пайравӣ ба сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони бедордили кишвар садоқатмандона ба халқу миллат хизмати шоиста менамоянд. Ширкати волонтёрон (ихтиёриён) дар тамоми чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ вабайналмилалӣ гувоҳи гуфтаҳои болост.
Бояд зикр кард, ки зиёда аз 250 волонтёри фаъоли Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (аз ҳисоби омӯзгорону донишҷӯён) дар давоми соли ҷорӣ дар чорабиниҳои гуногуни ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштироки фаъолона намуда, бо 50 –адад сертификати Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, 4 –адад шаҳодатномаи курси ташкилоти ҷамъиятии “Ҷавонон пайравони Пешвои миллат”, 3 – адад дипломи Раёсати кор боҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии “Телевизиони Синамо”, 5 –адад сипосномаи Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 –адад сипосномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, 15 – адад сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 – адад сипосномаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, 48 – адад сипоснома ва сертификат аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 сертификат ва 15 – адад сипоснома аз ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон волонтёрони Донишгоҳ дар давоми сол дар чорабиниҳои гуногуни байналмилалӣ ба ҳайси масъул, роҳбалад ва тарҷумон дар хатсайрҳои сайёҳии “Сайри Сада”, Фестивали байналмилалии “Наврӯз–мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ” ва Фестивали байналмилалии сайёҳии “Наврӯзи Душанбе 2025”, Форуми минтақавии Шурои олимпии Осиё ва ҳамбастагии олимпӣ барои кумитаҳои миллии олимпии Осиёи Марказӣ ва Ғарб, нахустин Ҷоми ҷаҳонии “Волосипедронии кӯҳӣ – 2025” дар шаҳри Душанбе, мусобиқаи байналмилалии Dushanbe Grand Slam 2025, даври минтақавии спартакиадаи варзишӣ байнидонишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе, барномаи шаҳри ҷавонии шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон, конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025», Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика ва информатика ба номи Хайём – “KhIMIO–2025”, нахустин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бозиҳои электронӣ барои дарёфти “Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст фаъолияти назаррас намуданд.
Мавриди зикр аст, ки соли равон Замира Мадаминова, донишҷӯйи курси 3 – юми факултети тарҷумонии забонҳои Шарқ дар озмуни ҷумҳуриявии “Волонтёри сол” сазовори ҷойи дуюм гардид.
Дар ҳамоиши волонтёрон аз ҷониби раёсати Донишгоҳ ва Раёсати кор боҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе 30 нафар волонтёрони фаъол бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар охири ҳамоиш аз ҷониби дастаи ҳунарии “Субҳиҷавонӣ” – и Донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ пешкаш карда шуд.

ш.Душанбе, куч.Муҳаммадиева, 17/6
(+992) 37-232-5000
rectorat.dbzkht.tj@mail.ru