Дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва озмунҳои донишгоҳиро бо истифода аз ҳузури меҳмонони олиқадр раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини Раиси ҲХДТ Мирзоқосим Каримзода, сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми ҶТ Ҳикматулло Саидзода, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, қадрдонӣ намуд.
Бояд гуфт, ки дар давоми моҳи апрел ва майи соли 2025 дар Донишгоҳ як қатор озмунҳо роҳандозӣ гардида буданд, ки беҳтарин омӯзгорону магистрантон, докторантону донишҷӯён ва кафедраҳое, ки барои таҳияи мақолаи илмии мукаммал дар конференсияи илмӣ – амалии “Ҳамгироии илмҳои гуманитарӣ, ҷомеашиносӣ ва дақиқ дар рушди устувори ҷомеа дар асри рақамӣ” баромад намуда буданд, бо сипосномаи Донишгоҳ ва мукофтопулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамчунин дар ин маросим донишҷӯёне, ки дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва мақоми ифтихорӣ гардида буданд, бо ҳамроҳии роҳбаронашон сазовори ифтихорномаи Раёсати Донишгоҳ ва мукофотопулӣ гардиданд.