Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 19 – майи соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳамоиши илмӣ – фарҳангӣ таҳти унвони “Ҷавонон дар меҳвари сиёсати давлатӣ ва рушди устувор” бо иштироки ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода, сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматулло Саидзода, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода, муовини КМ ҲХДТ дар ноҳияи Сино Умеда Саидзода доир гардид.
Ректори муассиса Гулназарзода Жило дар ифтитоҳи чорабинӣ оид ба ибтикороту сиёсати ҷавондӯсту ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан карда, корномаҳои бузурги Сарвари давлатро барои ҳар як ҷавони бедордили кишвар, роҳнамову роҳкушои оянда номид.
Роҳбари муассиса ҳамзамон зикр намуд, ки дастовардҳои ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар назаррас аст. Ҷавонони саодатманди кишвар ҳамчун нерӯи бузург барои ояндаи ҷомеа, дар таъмини суботи миллӣ, рушду нумӯи ва ҳифзи марзу буми кишвар ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ метавонанд саҳим бошад.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода аз дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолӣ, саҳми давлату Ҳукумати кишвар дар муҳайё намудани шароити зарурӣ барои наврасону ҷавонон, ҷавобан ба ҳамаи ғамхориҳои Ҳукумату кишвар даст боло гардидани шумори хеле зиёди наврасону ҷавонон дар сабқатҳои илмию варзишӣ сухан гуфт.
Зулфиқор Гулаҳмадзода таъкид дошт, ки Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода яке аз фаъолтарин муассисаҳои таҳсилоти олӣ маҳсуб ёфта, ягона боргоҳи омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар кишвар мебошад. Донишҷӯёни забондони ин муассиса дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Душанбе чанд соли охир баргузор мегардад меҳмонони хориҷиро ҳамроҳӣ менамоянд.
Мирзоқосим Каримзода муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳми ҷавононро дар таҳкими сиёсати давлатдории мамлакат ва рушди босуботи ҷомеа бисёр муҳим арзёбӣ карда, иброз дошт, ки ҷавонони Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ҳар як иқдоми Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба адстгирӣ менамоянд.
Дар идомаи ҳамоиш Сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматулло Саидзода дар баромади хеш аз саҳми ҷавонон дар муаррифии Тоҷикистон арсаи байналмилал ва борҳо баланд гардидани Суруд ва Парчами миллӣ ба хотири ҷавонони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ гуфт.
Сипас, ба як қатор омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳ бо ифтихорномаву сипосномаҳои раёсати Донишгоҳ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти арзанда ва иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ қадрдонӣ гардиданд.
Қисми дуюми ҳамоишро чорабинии омодакардаи дастаи ҳунарии “Субҳи ҷавонӣ”- бахши фарҳанги Донишгоҳ ҳусни идона бахшид.