ДАСТОВАРДИ АРЗИШМАНДИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁН

Дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 17-уми майи соли 2025 маросими ҷамъбастии даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар баргузор гардид.
Дар чорабинӣ вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки баргузориии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба як падидаи муҳимми илмӣ табдил ёфтааст, ки на танҳо сатҳи дониш ва маҳорати тахассусии ҷавононро муайян месозад, балки муҳити солими рақобатро барои рушди шахсӣ ва афзоиши ҷаҳонбинии илмии онҳо фароҳам овардааст.
Сипас, ғолибони олимпиада ба тариқи зайл эълон гардиданд:
ҷойи 1-ум — 16 нафар донишҷӯ;
ҷойи 2-юм — 23 нафар;
ҷойи 3-юм — 28 нафар.
Ҳамчунин, 15 нафар бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ гардиданд.
Шоистаи зикру ифтихор аст, ки дар ин олимпиада дастаи олимпии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода фаъолона ширкат намуда, сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва ифтихорӣ шуд:
1. Шифо Рофиева аз забони англисӣ сазовори ҷойи аввал;
2. Меҳрона Самадова аз забон ва адабиёти тоҷик сазовори ҷойи дуюм;
3. Азизахон Абдусамадова аз педагогикаи умумӣ сазовори ҷойи сеюм;
4. Ахмедова Сайёра аз забони русӣ шоистаи ҷойи ифтихорӣ;
5. Ализода Марҳабо аз назарияи иқтисод шоистаи ҷойи ифтихорӣ.
Бояд қайд кард, ки олимпиадаи мазкур бо иштироки 467 нафар донишҷӯ аз 44 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар 15 фанни таълимӣ дар ду бахш — илмҳои гуманитарӣ ва илмҳои табиӣ, дақиқу риёзӣ баргузор шуд.
Ба раёсат, кормандон ва донишҷӯёни саодатманди Донишгоҳ ин дастоварди арзишманду таърихӣ муборак бошад!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *