ИФРОТГАРОИИ НАВИН ҲАМЧУН ЗУҲУРОТИ БУҲРОНӢ ДАР ҶОМЕАИ РАҚАМӢ

Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва рақамигардонии ҷомеа, инсоният бо як қатор буҳронҳои нав рӯ ба рӯ мегардад, ки муҳимтарини онҳо буҳрони маъно ва нотавонии пояҳои ахлоқии зиндагии инсон мебошанд. Дар чунин муҳит, падидаи ифротгароӣ низ шакли нав пайдо намуда, аз доираи худ фаротар рафтааст.

Агар дар гузашта ифротгароӣ бештар ҳамчун ҳаракати сиёсӣ ё мазҳабии тундрав баррасӣ мешуд, имрӯз он ба як падидаи бисёрқабата табдил ёфтааст, ки дар сатҳи шуур, маърифат ва фазои рақамӣ амал мекунад. Аз ин рӯ, таҳқиқи ифротгароии навин таҳлили илмиро ба миён меояд.

Ифротгароии навин пеш аз ҳама бо тағйирёбии майдони амал фарқ мекунад. Агар ифротгароии асрҳои миёна бештар ба амалҳои гурӯҳӣ такя мекард, ифротгароии навин ба фазои зеҳнӣ ва иттилоотӣ интиқол ёфтааст.

Ин равандро метавон ҳамчун гузариш аз ифротгароии амал ба ифротгароии шуур, зӯроварии маънавӣ тавсиф намуд.

Дар чунин шароит, инсон пеш аз ҳама дар сатҳи тафаккур ва ҷаҳонбинӣ тағйир меёбад. Ифротгароӣ усули дарки воқеият шакл мегирад.

Ифротгароӣ натиҷаи гум шудани маънои зиндагӣ мебошад. Вақте инсон посух ба саволҳои бунёдии худ “ман кистам?”, “мақсади зиндагӣ чист?” намеёбад, ӯ ба сохторҳои соддаи идеологӣ рӯ меорад.

Дар чунин ҳолат гуногунандешӣ аз байн меравад, ҷаҳон ба ду қутби муқобил ҷудо мешавад ва инсон ба “ҳақиқати ягона” бовар мекунад. Ин равандро метавон содасозӣ тавсиф намуд, ки дар он воқеияти мураккаб ба шакли сунъӣ содда карда мешавад.

Яке аз хусусиятҳои асосии ифротгароии навин робитаи он бо муҳити рақамӣ мебошад. Шабакаҳои иҷтимоӣ ва системаҳои алгоритмӣ муҳити мусоид барои паҳншавии ғояҳои ифротӣ фароҳам меоранд.

Дар ин ҷо алгоритмҳо иттилооти мувофиқ ба фикри шахсро интихоб мекунанд, ҷаҳонбинии яктарафаро тақвият медиҳанд ва инсонро ба “ҳубобҳои иттилоотӣ” маҳдуд месозанд.

Дар натиҷа, тафаккури интиқодӣ суст шуда, инсон ба таъсири идеологияҳои тундрав осебпазир мегардад. Илова бар ин, ифротгароии навин падидаи технологӣ низ мебошад. Ифротгароии навин бо нотавонии виҷдон алоқаманд аст. Виҷдон ҳамчун механизми ботинии худтанзимкунандаи ахлоқӣ, дар шароити буҳрони арзишҳо заиф мегардад.

Дар чунин ҳолат эҳсоси масъулият кам мешавад, ҳамдардӣ аз байн меравад ва худтанқидӣ суст мегардад. Инсон ба як низоми фикрии баста ворид шуда, қобилияти фаҳмиши дигаронро аз даст медиҳад.Аз ин рӯ, ифротгароиро метавон ҳамчун бемории виҷдон ва ихтилоли худогоҳии маънавӣ таъриф намуд.

Мубориза бо ифротгароии навин бояд дар сатҳи маънавӣ ва маърифатӣ сурат гирад.

Самтҳои асосӣ рушди тафаккури танқидӣ, таҳкими виҷдони ахлоқӣ, ташаккули фарҳанги муколама, баланд бардоштани саводи рақамӣ ва барқарорсозии маъно ва ҳикмат дар зиндагӣ. Танҳо дар сурати эҳёи маъно ва виҷдон, инсон метавонад аз таъсири ифротгароӣ раҳо меёбад.

Ифротгароии навин дар заминаи буҳрони маъно, нотавони виҷдон ва тағйирёбии муҳити иттилоотӣ ташаккул меёбад, ки дар сатҳи шуур ва ҷаҳонбинӣ амал мекунад.

Аз ин рӯ, таҳқиқ ва муқобила бо он талаб менамояд, ки мо ба пояҳои ҳастишиносӣ, маърифатшиносӣ ва ахлоқии инсон рӯ оварем. Ояндаи ҷомеа аз сатҳи рушди виҷдон ва маърифати инсон вобаста аст.

Зарафшон Азизова, мудири шуъбаи мониторинги идоракунии сифати таҳсилот