Шуъбаи таҳлил ва иттилоот

        Шуъбаи таҳлил ва иттилоот яке аз воҳидҳои таркибии сохтори Донишгоҳ ба ҳисоб рафта, бо қарори Шурои олимон №6/4-3 аз 31 январи соли 2019 ҳамчун бахш бо фарогирии ду воҳиди корӣ (роҳбар ва мутахассис) ташкил гардидаст.

Мақсади асосии ташкили шуъбаи таҳлилӣ-иттилоотӣ муаррифии донишкада (тавассути рӯзнома, сомонаи расмӣ), таҳрири мақолаҳо, фишурдаҳо ва дигар маводи публисистӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати таълим буда, фаъолияти рӯзнома ва сомонаи расмии донишкадаро аз рӯйи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ба роҳ мемонад.

Шуъба масъули амалисозии вазифаҳои зерин мебошад:

– Иштирок дар омодасозӣ ва гузаронидани намоишгоҳҳо, конфронсу семинарҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ, маърифатӣ ва фарҳангии донишкада.

– Тавассути чопи маводи таҳлилӣ дар нашрияҳо (сомонаи расмӣ) бартараф намудани камбудию норасоиҳо дар ҳаёт ва фаъолияти донишкада ҷойдошта.

– Роҳандозии фаъолияти таҳлилӣ-иттилоотӣ.

– Паҳн намудани ахбор оид ба ҳаёти илмиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ дар байни ҷомеа.

– Таблиғи фаъолияти илмии олимону докторон, аспирантону магистрантони донишкада ва муассисаҳои пешқадами илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз самтҳои гуногуни соҳавӣ.

– Ба раёсати донишкада ҷиҳати бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдошта андешаю таклифҳо пешниҳод намояд.

– Барои дастрасии умум ба рӯзнома, маҷаллаи илмӣ ва сомонаи расмии донишкада кӯшиш ба харҷ медиҳад.

– Шуъба ҳуқуқ ва манфиатҳои донишкадаро ҳифз менамояд, барои махфӣ нигоҳ доштани маълумоте, ки аз ҷониби раёсати донишкада дар шакли хаттӣ ё шифоҳӣ супорида мешавад, масъулият зоҳир менамояд.

– Роҳбарӣ ва саривақт доир намудани маҳфили рӯзноманигорони ҷавон “Тулӯи сухан”