Раёсати тарбия

Раёсати тарбияи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим улуғзода

Раёсати тарбияи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода яке аз сохторҳои дохилии донишгоҳ буда, дар татбиқи фаъолияти донишгоҳ саҳми арзанда дорад. Раёсат  дар фаъолияти худ Конститутсияи ҶТ, Қонунҳои ҶТ “Дар бораи маориф”, “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, Консепсияи миллии тарбия дар ҶТ, Оинномаи донишгоҳ, Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода низомномаҳо, Дастурамалҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба роҳбарӣ гирифта, тарғибу ташвиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи дунявӣ ва демократӣ, шарҳу тафсири дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу дастурҳои раёсати Донишгоҳ, гузаронидани вохӯриву суҳбатҳо ва баргузории соатҳои тарбиявӣ аз бахшҳои асосии фаъолияти он ба ҳисоб мераванд.

Фаъолияти тарбиявии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода асосан, дар робита бо садорати факултетҳо, сарпарстони гурӯҳҳои академӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ амалӣ мешавад ва баробари фаро гирифтани донишҷӯён ба таълим тарбияи ҳамаҷонибаи мутахассисони оянда дар маркази таваҷҷуҳи раёсат ва шуъбаи тарбияи донишгоҳ қарор дорад.

Дар Донишгоҳ пайваста гузаронидани чорабиниҳо ва вохӯриҳо бо аҳли сиёсат, илм, адаб, шоирону нависандагон ба ҳукми анъана даромадааст, ки баҳри боло бурдани зеҳну тафаккур ва дар рӯҳияи ватанпарастӣ, пос доштани фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ тарбия намудани донишҷӯён нақши муҳим мебозад. Ҳадафи асосии шуъбаи тарбияи донишгоҳ дар рӯҳияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, хештаншиносӣ, меҳанатдӯстӣ, эҳтироми арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ тарбия намудани донишҷӯён маҳсуб меёбад.

Шуъба дорои се воҳиди корӣ; сардори раёсат,  сармутахассис ва мутахассис. Дар 5 факултети донишгоҳ муовинони декан оид ба тарбия ва дигар бахшҳои тарбияи садорати факултетҳо раёсати тарбияро намояндагӣ мекунанд.

Раёсат  дар доираи «Нақшаи чорабиниҳои Раёсати донишгоҳ» дар ҳамокорӣ бо дигар сохторҳои самти тарбияи Донишгоҳ ҳамасола чунин корҳоро анҷом медиҳад.

  1. Бо мақсади риоя намудани қоидаҳои тартиботи дохилӣ, таъмини раванди мӯътадили таълим ва тарбия пайваста дар байни муҳассилин корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом медиҳад;
  2. Омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳро бо муқаррароти Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии Донишгоҳи Байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии бахши тарбия шинос менамояд.
  3. Иштироки кормандону омӯзгорон ва донишҷуёни донишгоҳро дар чорабиниҳои гуногунсатҳ таъмин менамояд.
  4. Дар доираи фаъолияти худ корҳои ободониро баҳри тозаву озода гардонидани ҳудуди мавзеъҳои ба донишгоҳ мустақаргардида, бо ҷалби омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён ташкил менамояд.
  5. Омӯзгорону донишҷӯёнро ба чорабиниҳои фарҳангӣ, чорабиниҳои театрикунонидашуда ҷалб менамояд.
  6. Бо мақсади пурзӯр намудани раванди корҳои тарбиявӣ силсилавохӯриҳо бо ҷалби намояндагони мақомоти давлатӣ, собиқадорони меҳнат ташкил ва баргузор менамояд.
  7. Барои хабардор шудан аз вазъи зиндагонии донишҷӯёни дар хобгоҳ иқоматдошта аз ҳисоби омӯзгорону кормандон навбатдорӣ ташкил мекунад.
  8. Раванди баргузории дарсҳои тарбиявиро дар байни гурӯҳҳои академӣ дар мавзӯъҳои мубрами рӯз назорат менамояд.
  9. Донишҷӯёнро барои иштирок дар чорабиниҳои варзишӣ дар сатҳи факултетҳо, донишгоҳ, Ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ ҷалб ва сафарбар менамояд.

            Фаъолияти шуъбаи тарбияи ДМТ дар ҳамкорӣ бо чунин ниҳодҳо роҳандозӣ мегардад:

  • Шуъбаи кор бо ҷавонон
  • Бахши кор бо занон ва духтарон
  • Шурои кураторон
  • Осорхонаи ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода
  • Комисияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросим дар ДБЗХМТ
  • Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён

 

Қурбонова Таманно Ҳазрақуловна

Сардори раёсат