Раёсати илм ва инноватсия

Ҳайбулоев Шамсидин Аҳлидинович

  • ВАЗИФА: Сардори раёсати илм ва инноватсия
  • ДАРАҶА ИЛМӢ: номзади илмҳои филологӣ (10.02.22)
  • УНВОНИ ИЛМӢ: и.в. дотсент
  • ТЕЛЕФОН: (+992) 988509098
  • НИШОНИИ ЭЛЕКТРОНӢ: shams-92@mail.ru

 

Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода яке аз воҳидҳои асосии сохтории Донишгоҳ ба шумор рафта, фаъолияти он ба танзим ва рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионии ҳайати профессорону омӯзгорон, аспирантон, докторантон, магистрантон ва донишҷӯён равона шудааст.

Ин раёсат роҳбарӣ ва ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотиро ба зимма дошта, инчунин назорат аз раванди омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, ташкил ва татбиқи барномаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандон, таҳияи лоиҳаҳои илмӣ, татбиқи фаъолияти инноватсионӣ ва ҷорӣ намудани дастовардҳои навини илмиро ба амал мебарорад.

Ҳамзамон, Раёсати илм ва инноватсия масъули таҳия ва татбиқи сиёсати донишгоҳ дар самти рушди илм, ташкили конференсияву симпозиумҳо, форумҳои илмӣ, дастгирии нашри мақолаҳо, монографияҳо ва дигар осори илмӣ, ҳамкорӣ бо марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, институтҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад.

Раёсат фаъолияти илмии зинаҳои баъд аз таҳсилоти олиро, аз ҷумла аспирантура, докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) ва магистратура мутобиқи меъёрҳои Вазорати маориф ва илм ва дигар мақомоти марбута ба роҳ монда, ҷараёни таҳқиқоти илмии онҳо ва омодагии рисолаҳои илмиро пайваста назорат мекунад.

Мақсади асосии фаъолияти Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар ноил гардидан ба дастовардҳои наву арзишманди илмӣ, илмӣ-техникӣ ва инноватсионӣ ифода меёбад. Раёсат ба ҳалли масоили мубрами соҳаҳои мухталифи илм, ки ба рушди устувори иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд, равона шудааст.

Яке аз вазифаҳои муҳими раёсат ҳамоҳангсозии фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ бо раванди таълим буда, тавассути пайваст намудани илмҳои бунёдӣ, академӣ ва соҳавӣ бо барномаҳои таълимӣ амалӣ мегардад. Ин раванд барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, тарбияи кадрҳои соҳибтахассус ва рушди неруи илмии донишгоҳ замина фароҳам месозад.

Самтҳои афзалиятноки корҳои илмӣ-таҳҳқиқотӣ дар Донишгоҳ чунин муайян карда шудааст:

– Масълаҳои мубрами забоншиносӣ, таҳқиқи муқоисавии забонҳо;

– Масъалаҳои муҳимми адабиёти тоҷик ва адабиётшиносӣ;

– Тарҷумашиносӣ ва нақши тарҷума дар замони муосир;

– Таҳқиқи афкори педогогии ниёгон ва масъалаҳои мубрами педагогикаи ватанӣ;

– Методика ва технологияи инноватсионии таълими забон ва адабиёт;

– Нақши фалсафа ва илмҳои ҷомеашиносӣ дар таъмини рушди устувор ва босуботи ҷомеаи муосир;

– Таҳқиқи масъалаҳои сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ;

– Таҳқиқи масъалаҳои мубрами пешгирии таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ, хурофот, ифротгароии динӣ ва терроризм;

– Масъалаҳои мубрами таҳқиқӣ ва таълими таърихи халқи тоҷик дар шароити ҷаҳонишавӣ;

– Тамоюлҳои асосии рушди маориф ва фарҳанги миллӣ дар замони муосир;

– Нақши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар рушди илму таҳсилот.

Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ дар Донишгоҳ аз рӯйи нақшае, ки онро Шурои олимони Донишгоҳ тасдиқ менамояд, амалӣ карда мешавад.

E-mail: ilm@ddzt.tj; shams–92@mail.ru