Иброҳимов Исроил Нуралиевич
- ВАЗИФА: Мудири шуъбаи мониторинг ва идоракунии сифати таҳсилот
- ИХТИСОС: Муносибатҳои байналмилалӣ
- УНВОНИ ИЛМӢ: ассистент
- ТЕЛЕФОН: (+992) 904-54-48-50
- НИШОНИИ ЭЛЕКТРОНӢ: isik19_98@mail.ru
Аз 06.07.2007 бахши назоратии сифати таълим таъсис дода шуд, ки сардори он Ҷонова М.А. таъйин карда шуд. Инчунин аз 1.02.2014с. ба Хадамоти мониторинг ва идоракунии сифати таҳсилот табдил дода шуд. Усмонова М.Х. аз мудирии Бахши мониторинг ва идоракунии сифати таҳсилот озод карда шуда, мудири Хадамоти мониторинг ва идоракунии сифати таҳсилот таъин карда шуд. Аз августи соли 2017 ба шуъбаи мониторинги идоракунии сифати таҳсилот табдил дода шуд ва роҳбарии онро то моҳи октябри соли 2024 Наврасов Абдурауф ба уҳда доштанд.
Айни ҳол Шуъбаи мониторинг ва идоракунии сифати таҳсилот иборат аз чор воҳиди корӣ мебошад: мудир – Иброҳимов Исроил Нуралиевич, сармутахассис- Султонзода Парвинаи Абдуқосим, мутахассиси пешбар-Каримов Хушрӯз ва мутахассис- Қӯчқорова Ҳусния Акбаровна фаъолият доранд.
Шуъбаи мониторинг ва идоракунии сифати тахсилоти Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳамчун зерсохтори раёсати таълим фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунгузорӣ дар соҳаи маориф, Оинномаи муассисаи давлатии таълимии “ Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода”, Низомномаи шуъба ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба роҳ монда, масъули амалисозии вазифаҳои зерин мебошад:
- -гузаронидани мониторингҳои сатҳи сифати таҳсилот дар курсу гурўҳҳо ва факултетҳо вобаста ба ихтисосҳои амалкунанда аз фанҳои умумитаълимӣ ва тахассусӣ;
- -истифодаи технологияи иттилоотӣ ва мониторингии назорати сифати таҳсилот;
- -ба самъи омўзгорону донишҷўён расонидани масъалаҳои назорат ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот;
- –назорати бонки саволномаҳо, тестҳо, корҳои хаттӣ вобаста ба курсҳо ва ихтисосҳо;
- -таҳлили комплексии натиҷаҳои санҷиш ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот;
- -гузаронидани тадқиқотҳо дар соҳаи назорат ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот;
- -иштирок дар чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани барнома ва лоиҳаҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ дар соҳаи маориф ва татбиқ намудани назорат ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот;
- -иштирок дар коркард ва ташкил намудани фазои ягонаи иттилоотии таҳсилот оид ба сифати таҳсилот;
- -таҳлил ва ҳисоботи вазъи ҳамасолаи сатҳи сифати таҳсилот дар муассиса ва муқоисаи он бо солҳои гузашта;
- -гузаронидани тадқиқотҳои илмии амалӣ дар соҳаи навкунии системаи идоракунӣ ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот;
- -кор карда баромадани таклифу пешниҳодҳо оид ба стратегияи инкишофи идоракунии сифати таҳсилот;
- -тайёр ва татбиқ намудани нишондодҳо барои баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот ва интихобан гузаронидани мониторинги сифати таҳсилот;
- -амалӣ намудани хизматрасониҳои машваратӣ оид ба сифати таҳсилот;
- -ташкили гўшаи бахши идоракунии сифати таҳсилот;
- -аз номи муассиса ҳар се моҳ пешниҳод намудани ҳисобот ба Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- -баррасии масъалаҳои шуъба дар Шурои олимони муассисаи таълимӣ (на кам аз 4 масъала дар як сол).