Соли 2008 дар мувофиқа бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Донишгоҳи Кемёнги Куриёи Ҷанубӣ дар асоси созишнома бо Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода аз 16.06.2008 Маркази омӯзиши забон ва фарҳанги Куриё бо номи “Маркази забон ва фарҳанги куриёии Тоҷик-Кемёнг” кушода шудааст. Баъдан соли 2012 Маркази омўзиши фарҳангу забони куриёӣ бо Ризоятномаи Донишгоҳи Кемёнг ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, ки дар санаи 01.03.2011 аз ҷониби тарафайн имзо гардидааст тағйири ном намуда, то ин замон бо номи Маркази забономӯзии “Шоҳ Сеҷонг” фаъолият менамояд.
Тибқи маълумотномаи №1-210 аз 26.06.2015, ки аз ҷониби собиқ ректори ДДЗТ , Х. Зиёев тасдиқ гардидааст синфхонаҳои ошёнаи 3-юми факултети забонҳои Шарқ (ҳозира забонҳои Осиё) барои истифода ба Маркази забономӯзии “Шоҳ Сеҷонг” вогузор гардид.
Соли 2015 маркази мазкур аз ҷониби Фонди Институти Шоҳ Сеҷонг ба пуррагӣ аз таъмири капиталӣ (як синфхонаи мултимедӣ, 4-синфхона барои дарси амалӣ, 1 синфхона барои муаллимон, 1 синфхона барои ҳайати роҳбарикунанда ва 1 синфхонаи компютерӣ) бароварда шуд. Илова бар ин дар марказ як китобхона барои донишҷӯён ташкил карда шудааст, ки онҳо метавонанд фориғ аз дарсҳо ба мутолиаи китобҳо машғул шаванд.
Шуруъ аз соли 2015 марказ барои омӯзиши забони куриёӣ замина гузошт ва ҳамасола дар ду давра (тирамоҳӣ ва баҳорӣ) курсҳои забономӯзии семоҳаро ташкил намуд.
Мувофиқи Иҷозатнома оид ба ҳуқуҳи пешбурди фаъолияти таълимӣ таҳти рақами АУ №0002515 дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2018, таҳти рақами №1327, дар назди Лингвопарк (Парки технологӣ)-и донишгоҳ курсҳои забономўзӣ фаъолият доранд, яке аз ин забонҳо-забони куриёӣ мебошад.
Айни замон дар сместри баҳории соли 2024 дар курси омодагӣ ба имтиҳони Топик 158 нафар ва дар курси Алифбо 76 нафар ба омӯзиши забони куриёӣ ҷалб гардидаанд.
Дар курси омодагӣ ба имтиҳони Топик дар маҷмӯъ 11 гурӯҳ ташкил карда шудааст, ки аз он 8 то гурӯҳҳои ибтидоӣ ва 3 то гурӯҳҳои болоӣ мебошанд.
Феълан, дар Марказ омўзгорони соҳибзабон аз Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ Шин Наг Кюн, Чой Ми Ҳи, И Ҷонг Сук, Чонг Ёнг Ҳи ва хатмкардагони ин шуъба Нормаҳмедов Ирфон, Ғайратҷони Ҷумахон, Сафаралиева Маҳбуба ва Бурҳонов Ҷаҳонбахт кору фаъолият доранд.
Дар панҷ солу шаш моҳи охир Маркази забономӯзии забони куриёии “Шоҳ Сеҷонг”-ро 1800 нафар забономӯзон хатм кардаанд. Аз ҷумла;
Соли таҳсил | Семестр | нафар | Ҳамагӣ |
2017 | баҳорӣ | 219 | 329 |
тирамоҳӣ | 110 | ||
2018 | баҳорӣ | 105 | 239 |
тирамоҳӣ | 134 | ||
2019 | баҳорӣ | 189 | 327 |
тирамоҳӣ | 139 | ||
2020 | баҳорӣ | 79 | 166 |
тирамоҳӣ | 87 | ||
2021 | баҳорӣ | 107 | 194 |
тирамоҳӣ | 136 | ||
2022 | баҳорӣ | 134 | 134 |
2023 | баҳорӣ | 196 | 444 |
тирамоҳӣ | 248 | ||
2024 | баҳорӣ | 234 | 234 |
Маводҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии Марказ аз ҷониби Институти Шоҳ Сеҷонг ба нашр расида вобаста ба зинаи таҳсил ба китобҳои 1 то 8 тақсим карда шудаанд.