Шуъбаи бақайдгирӣ ва машварати академӣ татбиқи низоми кредитии таҳсилотро дар Донишгоҳ таъмин намуда, ҷиҳати беҳтар гардидани сифати таълим, сафарбарии донишҷӯён барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ватанию хориҷӣ фаъолият менамояд. Илова ба ин, ки шуъбаи бақайдгирӣ ва машварати академӣ ҳамчун воҳиди сохтори Донишгоҳ фаъолияти донишҷӯёнро дар низоми кредитии таҳсилот ба қайд гирифта, натиҷаҳои дастовардҳои онҳоро барои таҳлил ва баррасӣ ба садорати факултетҳо пешниҳод менамояд.
Шуъбаи бақайдгирӣ ва машварати академӣ чунин вазифаҳоро иҷро менамояд:
– ташкили бақайдгирии ҳамасола ва рамзгузории донишҷӯён ҷиҳати омӯзиши фанҳои ҳатмӣ ва интихобӣ, инчунин омӯзгорони дарсдиҳанда бо кӯмаки сарэдвайзерҳо;
– пешниҳоди машваратҳо ба донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳ доир ба низоми кредитии таҳсилот, нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ ва дигар масъалаҳое, ки вобаста ба фаъолияти донишҷӯён ва омӯзгорон алоқаманд мебошад;
– ташкил ва назорати татбиқи низоми холгузории фосилавӣ дар ҷараёни таълим ва сессияҳои имтиҳонӣ;
– ташаккули гуруҳҳои академӣ ва ҷуфтҳои лексионӣ аз рӯйи натиҷаҳои бақайдгирӣ ва интихоби фанҳо;
– назорати раванди имтиҳони ҷорӣ ва ҷамъбастӣ;
– ҷамъбасти натиҷаҳои имтиҳоноти ҷамъбастӣ, муайян намудани рейтинги донишҷӯён ва пешниҳоди онҳо ба деканҳои факултетҳо, ҷамъбасти ҳар як семестр ва муайян намудани баҳои миёна (GPA)-и соҳибгаштаи ҳар як донишҷӯ, инчунин мувофиқати он ба меъёри муқарраршуда;
– ба садорати факултетҳо ва раёсати таълим барои таҳлил ва арзёбӣ пешниҳод намудани рӯйхати донишҷӯёне, ки аз фанҳои алоҳида баҳои Ғ (ғайриқаноатбахш) гирифтанд ё холи миёнаи умумӣ (GPA) -и онҳо аз меъёри муқарраршуда паст мебошад;
– ташкили трисместр ва ҷамъбасти натиҷаҳои он;
– тартибдиҳӣ ва ба расмият даровардани транскрипт (маълумотномаи академӣ, замимаи диплом) барои ҳар як донишҷӯ;
Айни замон мудири шуъбаи бақайдгирӣ ва машварати академӣ Худоёрбекова Айёра буда, сармутахассиси шуъба Одилова Ҳадиса мебошад.