Шуъбаи тайёрӣ

Шуъбаи курсҳои тайёрӣ дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода аз моҳи сентябри соли 2012 фаъолият мекунад.

Дарсҳо дар тӯли ҳафта 5-рӯз ба роҳ монда шудаанд. Дар курсҳои мазкур тибқи талаботи маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз рӯйи кластери 3 довталабон ба таълим фаро гирифта мешаванд ва дар тӯли шаш моҳи соли хониш ба иштироккунандагон аз фанҳои забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷик, таърихи халқи тоҷик, забонӣ русӣ, забони англисӣ, математика ва ҳуқуқи инсон дарс омӯзонида мешавад. Дар ҷамъбасти сол довталабон аз фанҳои номбурда ба тариқи тестӣ имтиҳон супорида, сазовори сертификат мегарданд.

         Дар курсҳои номбурда омӯзгорони ботаҷриба ва донишмандон дарс мегузаронанд. Шуъбаи тайёрӣ бо мақсади ҷалб намудани шунавандагон дар муассисаҳо, гимназияҳо корҳои ташвиқотиро ба роҳ монда, бо хатмкунандагон мунтазам суҳбатҳо барпо мекунанд. Барои ҷалби шунавандагон дар матбуоти даврӣ ва радио эълонҳо дода мешавад.

Омори довталабон аз солҳои аввали таъсисёбии шуъба то инҷониб дар ҷадвали зайл дарҷ шудааст:

Солҳои таҳсил

2013-2014

7-нафар

2014-2015

14-нафар

2015-2016

24-нафар

2016-2017

36-нафар

2017-2018

40-нафар

2018-2019

44-нафар

2019-2020

53-нафар

2020-2021

22-нафар

2021-2022

9-нафар

2022-2023

16-нафар

2023-2024

21-нафар

2024-2025

26-нафар

Ҳамагӣ:

312 нафар

Лозим ба ёдоварист, ки дар тӯли фаъолияти курсҳои тайёрӣ  312-нафар онро бомуваффақият хатм намуда, соҳиби сертификат шуданд.

Айни ҳол масъули шуъбаи мазкур Мирзоев Зоҳир мебошад.