Маркази омӯзиши корномаи Пешвои миллат
дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода
Маркази омӯзиши корномаи Пешвои миллат дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода зимни ифтитоҳи бинои нави муассиса 27.09.2022 бо ширкати бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфтааст.
Марказ бо мақсади омӯзиши корномаи мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат таъсис ёфта, барои донишҷӯёну омӯзгорон имконият фароҳам овардааст, ки аз фаъолияти густурда ва созандаву сулҳпарваронаи Пешвои миллат дар бунёди давлатдории миллии навини тоҷикон ошноӣ пайдо намоянд.
Навгонии дигари марказ дар он аст, ки ҷилди аввали асари безаволи Пешвои миллат “Забони миллат – ҳастии миллат” ба забонҳои русӣ, англисӣ ва чинӣ аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ тарҷума гардида, рӯйи чоп омад ва дар ин марказ барои хонадагон гузошта шуд, ки ин яке аз дастоварди мондагор дар таърихи фаъолияти муассиса ба ҳисоб меравад.
Дар гӯшаи аввали он харитаи ҷаҳон аккосӣ шудааст. Дар гӯшаи дуюм ҷилди аввали асари безаволи Пешвои миллат “Забони миллат – ҳастии миллат” ба забонҳои русӣ, англисӣ ва чинӣ, ки аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ тарҷума гардидааст, гузошта шудааст. Дар гӯшаи сеюм осори мондагори Пешвои миллат оид ба самтҳои мухталиф ҷамъоварӣ шуда, барои хонандагон пешниҳод гардидааст. Гӯшаи чоруми Марказ ба осори дар бораи фаъолияти Пешвои миллат бахшида шудааст, ки барои хонандагон муфид мебошад. Гӯшаи панҷум ба осори фаъолияти Пешвои миллат дар самти сиёсати хориҷӣ бахшида шудааст. Ҳамзамон, гӯшаи дигар ба суханрониву паёмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст.
Айни ҳол фонди китобии марказ бо фарогирии беш аз 700 нусха китоб оид ба фаъолияти Пешвои муаззами миллат ҷамъоварӣ ва барои хонандагон пешкаш карда шудааст.
Ҳамзамон, раёсати Донишгоҳ тасмим гирифтааст, ҷиҳати инъикоси ҳамаҷонибаи фаъоляти мондагори фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста мароқи хосса зоҳир намояд.