Бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ аз як воҳиди корӣ иборат аст.
Мақому манзалати зан дар ҷомеа дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон боло рафта, имконияти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии кишварамон муҳайё карда шудааст. Санадҳои меъёри ҳуқуқие, ки барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа қабул гардидаанд, инҳоянд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» (1 марти соли 2005, № 89); Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» (3 декабри соли 1999, № 5); Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» (29 майи соли 2010, № 269).
Санадҳои номбаршуда барои ҳаёту фаъолияти-бонувон сарнавиштсоз аст, зеро ба баланд бардоштани мавқеъ ва мартабаи онҳо дар ҷомеа ва нақши густурдаашон дар таҳкими ғояҳои ахлоқию маънавӣ ва сулҳу ваҳдат такони бузурге мебахшад.
Бахши кор бо духтарон ва занони донишгоҳ фаъолияти худро дар заминаи сиёсати давлатӣ оид ба маориф, иҷрои дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳо ва супоришҳои Раёсати Донишгоҳ ба роҳ мондааст.
Дар донишгоҳ 224 нафар занону духтарон кору фаъолият менамоянд, ки аз ин 88-нафар омӯзгор ва 582 нафар корманд мебошанд. Ҳамзамон, нақши занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда ректор, 2 нафар муовини ректор, 1 нафар мудири китобхона, 2 нафар декани факултет, 8 нафар мудири кафедра, 9 нафар мудири шуъба, 1 нафар сардори раёсат аз ҷумлаи занони роҳбарикунандаи донишгоҳ мебошанд. Инчунин, дар донишгоҳ 1 нафар профессор 2 нафар доктори илм, дотсентон 30 нафар, номзади илм 6 нафар, муаллимони калон 45, ассисентон 59 нафар, лаборант 14 нафар, фаъолияти пурсамари илмию тадқиқотӣ ва таълимию тарбиявӣ доранд.
Дар соли таҳсили 2022-2023 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода 3605 – нафар донишҷӯдухтарон таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 110- нафар бо квотаи президентӣ, 3 – нафар бо стипендияи Раиси шаҳр, 4 – нафар ятими кулл, 6 – нафар маъюб ва 180 – нафарашон дар хобгоҳҳои ДБЗХТ зиндагӣ менамоянд.
Бахши кор бо духтарон ва занон як шохаи ҷамъиятии донишгоҳ мебошад. Дар факултетҳои донишгоҳ шeроҳои бонувон фаъолият менамоянд, ки бахши кор бо духтарон ва занон бо онҳо робитаҳои зичи корӣ доранд.Ҳамзамон бахши кор бо духтарон ва занон пайваста кори худро дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои таркибии донишгоҳ амалӣ менамояд.
Изауллоева Маҳбуба Кугановна
- 1977-1982 Донишҷӯйи Донишгоҳи омӯзгории ш. Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ
хатм намудааст.
- Ихтисос: муаллими забон ва адабиёти рус, бо иловаи ихтисоси педагогика ва методисти корҳои тарбиявӣ
- ДАРАҶА ВА УНВОНИ ИЛМӢ
- надорад
ФАЪОЛИЯТИ КАСБӢ
1982-1983 Муаллимаи мактаби миёнаи умумии №1, н.Восеъ
1983-1984 Муаллимаи мактаби миёнаи умумии №21ш. Кӯлоб
1984-1990 Муаллимаи омӯзишгоҳи омӯзгории ш. Кулоб
1990-1995 Муаллимаи мактаби миёнаи умумии №3 ш. Кулоб
1995- 2004Муаллимаи Коллеҷи омӯзгории ш. Кулоб
2007-2008 Сармутахассиси шуъбаи кадрҳои ДДОТ ба номи С. Айнӣ
2008-2018 Мудири шуъбаи кадрҳои ДДЗТ ба номи С. Улуғзода
2018- то имрӯз роҳбари бахши кор бо занон ва духтарони ДБЗХТ ба номи С. Улуғзода
Аълочии маориф ва илми ҶТ
Оиладор соҳиби 3 фарзанд