ТАҶЛИЛИ 31-СОЛАГИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Забоншинос” дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ зери унвони “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – таҷассумгари сиёсати хирадоину инсонмеҳварии Пешвои миллат” баргузор гардид, ки дар он ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода, мудири Шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Ширинбекзода Садриддин, раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Ҳабибзода Зоҳир Иззат, собиқадори ҳизбу меҳнат, профессори кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон  Сайфулло Сафаров  иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Забоншинос” профессор Жило Гулназарзода ҳозиринро ба муносибати 31 – солагии ҲХДТ табрик намуда, аз таърих ва саҳми ин ҳизби созандаву бунёдкор бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Роҳбари муассиса зикр намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои иттиҳоди неруҳои солими ҷомеа, бо мақсади зина ба зина баланд бардоштани некуаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи пешрафти шаклҳои гуногуни моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсис ёфта, баҳри дар амал татбиқ сохтани ин ҳадафҳо кушиш менамояд.

Дар идомаи ҳамоиш  мудири Шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти КИМ ҲХДТ Ширинбекзода Садриддин, раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Сино  Ҳабибзода Зоҳир  ва собиқадори ҳизбу меҳнат Сайфулло Сафаров дар хусуси мақсад ва мароми таъсисёбии ин ҳизби созанда, дастовардҳо ва ташаббусҳои Роҳбари муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.

Дар анҷоми қисми аввали ҳамоиш ба фаъолони ҳизб сипоснома  ва  ба аъзоёни нави ҲХДТ аз ҳисоби донишҷӯёни Донишгоҳ дафтарчаи ҳизбӣ супурда шуд.

Ҳамчунин дар ин ҳамоиш ҷоизадорони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” Саёҳат Ҳасанова ва Шаҳзод Қаюмов  бо ифтихорнома ва туҳфаҳои молӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки донишҷӯйи курси сеюми факултети забонҳои Аврупо Саёҳат Ҳасанова дар давари ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” дар номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” сазовори  ҷойи аввал ва Шаҳзод Қаюмов мутахассиси шуъбаи таҳлил ва иттилооти Донишгоҳ аз руйи номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” миёни кормандони касбу кори гуногун сазовори ҷойи дуюм гардиданд.

Қисми дуюми чорабинӣ бо барномаи фарҳангии дастаи ҳунарии “Субҳи ҷавонӣ”, ки иборат аз сурудҳои ватандӯстона ва рақсҳои миллӣ буд ба анҷом расид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *